Масоили марбут ба ҳамкориҳои оянда дар бахшҳои мухталиф миёни Тоҷикистону Корея мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба «Озодагон» аз вазорати умури хориҷа иттилоъ доданд, зимнан рӯзи гузашта дар Душанбе вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо кордори нави сафорати ҷумҳурии Корея дар ҶТ Ён Джон-Ку мулоқот анҷом дод. Аснои нишаст ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои мутақобилан судманди миёни ҳарду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо имконоти васеи рушди ҳамкориҳоро миёни ду кишвар дар соҳаҳои саноати сабук, гидроэнергетика, кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва ғайра таъкид карданд. Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории кишварҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор доданд.{jathumbnail off}