АКС: Ҳалокати 4 тоҷикистонӣ бар асари садама дар Қирғизистон
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон мегӯяд, дар пайи бархӯрди ду “Аудӣ” дар шоҳроҳи Бишкек-Ош 5 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 4 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистонанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, бархӯрди "Ауди 100" ва "Ауди C4" дар километри 471-уми шоҳроҳи Бишкек-Ош дар ҳудуди шаҳри Тош-Қумир сурат гирифта, 5 кушта ва 3 маҷруҳ барҷой гузоштааст. Аз ҷумла дар мошини "Ауди С4" Қиличбек Суранқулов, соли таваллудаш 1981 ва мусофиронаш -- Нозгул Суранқулова, соли таваллудаш 1984 ва Эламан Осконбоеви 5-сола қарор доштаанд, ки дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Ронандаи мошини "Ауди 100" -- Ҷӯрабой Раҳмонбердиев, сокини рустои Бозорбошии ноҳияи Бодканд бо мусофиронаш -- Бибихатик Торбаландова, соли таваллудаш 1964, Санавбар Раҷапова, соли таваллудаш 1969, хоҳараш Саодат Сафарова, соли таваллудаш 1960, Бибисоро Намозова , соли таваллудаш 1964 ба ҳалокат расидаанд. Ҳамаи 4 мусофири ин сабукрав шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.