баргард чоп кардан

АП: Сардори “ОМОН” 10 тоҷики дигарро ба ДИИШ ҷалб кардааст

Полковник Гулмурод Ҳалимов, сардори “гумшуда”-и дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон, вақтҳои охир ба фаъолияти созмони террористии ба ном “Давлати Исломӣ” майл доштааст ва ҳудуди 10 шаҳрванди дигари кишварро ба ивази маблағ ба ин ҳаракат ҷалб намудааст.

Дар ин бора хабаргузории “Азия Плюс” аз қавли манобеаш дар мақомот иттилоъ дода, афзудааст, Ҳалимов вақтҳои охир миёни наздиконаш ғояҳои “Давлати исломӣ”-ро паҳн мекардааст. Ба иттилои ин хабаргузорӣ, Ҳалимов ҳамроҳ бо 10 шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки бекор будаанд, якуми май ба Маскав парвоз намудааст: “Аллакай 2 май ӯро дар фурудгоҳи Шереметоваи Маскав дидаанд". Гуфта мешавад, барои ҷалби ҳар ҷангҷӯй ба полковник маблағи зиёд ваъда додаанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан манобеи “Озодагон” дар мақомоти умури дохилӣ, хабари гумшавии полковник Гулмурод Ҳалимов, сардори дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-ро дурӯғ хонданд. Тавре бархе аз кормандони ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, Ҳалимов гум нашуда, балки дар рухсатии меҳнатӣ дар Туркия қарор дорад. Аммо манобеи дигар дар мавриди боздошти Ҳалимов хабар доданд, ки гӯиё дар роҳ ба сӯи кишвари Сурия қарор доштааст.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилӣ дар бораи қазияи Ҳалимов расман шарҳе надода ва хабари гум шуданашро такзиб ё тасдиқ накардааст. Ин ҳолат боиси сар задани ҳар гуна овозаҳо гардидааст.

Хабаргузории "TojNews" рӯзи 7 май иттилоъ дода буд, ки силоҳ ва ҳуҷҷати полковники милитсия Ҳалимов дар ҳуҷраи корияш ёфт шуда, аммо дар куҷо буданаш маълум нест: “Сабукрави Гулмурод Ҳалимовро дар ҳудуди шаҳри Душанбе пайдо кардаанд ва ҳадди ақал даҳ рӯзи ахир дар куҷо будани фармондеҳи ОМОН маълум нест”.

Гулмурод Ҳалимови 40-сола, ки тайи се соли охир вазифаи сардори Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба уҳда дорад, соли гузашта бо фармони вазир унвони полковникиро гирифт. Ӯ, ки маълумоти олии ҳуқуқӣ дорад, барои шуҷоату мардонагӣ дар амалиётҳои гуногун дар минтақаҳои Тоҷикистон бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст.