Панҷ ноболиғи тоҷикистонии муқими Яман ба Душанбе расидаанд
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 12 май аз берун шудани 9 шаҳрванди дигари кишвар аз хоки Яман ва интиқоли онҳо ба Душанбе хабар дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод, шоми 6 май бо кӯмаки Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 9 табааи кишвар, ки 5 нафари онҳо ноболиғанд, тавассути мусофиркаши ширкати “ал Буроқ” марзи Яману Саудиро аз нуқтаи гузаргоҳи Ҷиззон убур карда, ба шаҳри Ҷидда расиданд.
Манбаъ мегӯяд, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ба мулоқоти онҳо рафтааст: “Онҳо миннатдории худро ҷиҳати мусоидати саривақтии сафорат ҳангоми убури сарҳад ва муҳайё намудани шароити хуби бозгашт ба Ватан баён доштанд”.
Ба иттилои манбаъ, субҳи 8 май намояндаи сафорат онҳоро дар фурудгоҳи Ҷидда ба ҳавопаймои хатсайри Ҷидда-Дубай нишонд ва 9 май ба Душанбе расиданд.
Баъд аз шурӯи нооромиҳо дар Яман то ҳол беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ доштанд, тавассути тайёраҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия берун оварда шуданд.