Парвандаи ҷиноӣ барои фурӯши орд бо доллар
Як сокини 35-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо иттиҳоми муомилот бо асъори хориҷӣ дастгир шудааст.
Торнамои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, кормандони пулис ин мардро рӯзи гузаштаи 12 май боздошт кардаанд: “Гумонбаршуда ба муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ машғул шуда, 200 халта орди навъи “Асалӣ”-ро ба зани 37-солаи сокини ҳамин ноҳия ба маблағи 4100 доллари ИМА фурӯхтааст”.
Манбаъ мегӯяд, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.