баргард чоп кардан

Н.Орипов: Хадамоти кофтукови ҷиноии ВКД дар таҳкими давлатдорӣ саҳми бориз дорад

Хадамоти кофтукови ҷиноӣ дар Тоҷикистон  93 сола шуд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз АНМН иттилоъ доданд, ниҳоди мазкур ҳамчун як бахши муҳими мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷумҳурӣ дар як раёсате дар вазорати корҳои дохилӣ ва шӯъбаҳои дар раёсатҳои минтақавию ноҳиявии он фаъолият мекунад. Гуфтанист, хадамоти кофтукови ҷиноӣ ҳамасола садҳо ҷурму ҷинояти мухталифро ифшо карда, ҳақро ба ҳақдор мерасонад.

Маврид ба таъкид аст, ки иддае аз кормандони агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон низ дастпарварони ин мактабанд.Аз ҷумла, Рустам Назаров директори агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия, Сӯҳроб Сафаров, сардори шӯъбаи таҳлилӣ, полковники хизмати назорати маводи нашъаовар, Фарҳод Саъдуллоев, сардори ситоди агентӣ, полковники хизмати назорати маводи нашъаовар, Сайид Неъмонов, сардори раёсати сайёри оперативӣ, подполковники хизмати назорати маводи нашъаовар, Ҳалимҷон Маҳмудов сардори раёсати агентӣ дар вилояти Суғд, полковники хизмати назорати маводи нашъаовар, Равшан Мирзоахметов, сардори шӯъбаи амнияти дохилӣ, полковники хизмати назорати маводи нашъаовар, Шермуҳаммад Давлатов, сардори қисми навбатдорӣ, полковники хизмати назорати маводи нашъаовар ва иддае дигар, ки аз зумраи шахсиятҳои соҳибтаҷрибаи ин ниҳоди қудратӣ маҳсуб мешаванд.

Манбаъ афзуд, дар номаи табрикотии Н.Орипов, сардори раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон, ки унвонии Рустам Назаров ба АНМН ворид шудааст, аз ҷумла омадааст, дар сафи кормандони агентӣ дастпарварони хадамоти кофтукови ҷиноӣ кам нестанд ва саҳми онҳо дар ҳифзи истиқлолият, таҳкими давлатдории Тоҷикистон, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва сулҳу субот бузург буда, имрӯз низ дар амалисозии сиёсати ҳукумати ҶТ саҳми босазо доранд.   Ҳамкорони худ, собиқадорони хадамоти кофтукови ҷиноиро ба муносибати иди касбиашон муборакбод мекунем ва барояшон тансиҳатии комил, сарбаландӣ ва беҳтарин хушиҳои зиндагониро таманно дорем,- навиштааст Орипов.{jathumbnail off}