баргард чоп кардан

Сектори хусусӣ дар Тоҷикистон 50 %-и ҷойҳои нави кориро таъсис додааст

Дар асоси барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Тоҷикистон  дар миқёси ҷумҳурӣ бояд 121.129  ҷойи кор таъсис дода шавад.


Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз  агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати  вазорати меҳнат иттилоъ доданд, дар нӯҳ моҳи соли 2011 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 114.728  ҷойҳои корӣ таъсис дода шуд, ки 94,7 фоизи нақшаи пешгӯии барномаро ташкил медиҳад. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта  4.888 ё 4,4  фоиз ҷойҳои корӣ  зиёд таъсис дода шудаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар  ВМКБ- 7.712 ҷой, вилояти Хатлон – 40.431, Суғд – 31.812, шаҳри Душанбе – 16.500, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 18.273 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст. Ҳамчуин манбаъ қайд кард, ки  вобаста ба соҳаҳои иқтисодиёт дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи сохтмон – 20.189, саноат – 6.930, кишоварзӣ -31.179, нақлиёт ва алоқа – 2.395, савдо, хӯроки умумӣ, таъминоти моддию техникӣ -32.347, дигар соҳаҳо – 16.335 ва соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ  5.353 ҷойҳои корӣ таъсис ёфтаанд. Таҳлили раванди таъсиси ҷойҳои корӣ вобаста ба соҳаҳои иқтисодиёт нишон медиҳад, ки теъдоди аксари ҷойҳои корӣ ба соҳаи кишоварзӣ (27,2%) ва савдо, хӯроки умумию таъминоти техникӣ (28,2%) рост меояд.

Тавре аз рақамҳо бармеояд, зиёда аз 50 фоизи ҷойҳои кории навтаъсис ба сектори хусусӣ тааллуқ доранд, ки ин ҳолат аз рушди соҳибкории хурду миёна дар ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳад,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}