баргард чоп кардан

Забту мусодираи 333 кило маводи нашъадор дар вилояти Суғд

Аз шӯъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки дар ин минтақа ҳудуди 333 килограмм нашъа забту мусодира гардидааст.


Тибқи иттилои манбаъ, ин миқдор маводи мухаддир аз ҷониби кормандони мақомоти зирабт тайи нӯҳ моҳи соли равон ошкор шудаанд. Гуфта мешавад, маводи мазкур дар нисбати  нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 80 кг  кам медошад: Дар 9 моҳи соли гузашта аз гардиши ғайриконунӣ зиёда аз 413 кг  маводи мухаддир мусодира карда шуда буд.Аз ин миқдор, зиёда аз 22 кг  маводи сахттаъсири ҳероин, 4 кг гурӯҳи бангдона, 278 гр  афюн  ва 28 кг дигар намудҳо ташкил медиҳад.

 

Манбаъ афзуд, аз рӯи ин ҷиноятҳо дар давраи сипаригардида 181 парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 200, 201,202,203,204,205  ва 206-и КҶ ҶТ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд.{jathumbnail off}