ВИДЕО: Ҷоизаҳои “Нигоҳи нав-2015” “соҳиб” наёфт
Чаҳорумин Ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии театрии ҷавонон -- “Нигоҳи нав” ғолиб надошт.
Дар расми ҷамъбасти озмун, ки шоми дирӯз, 20 май дар театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский сурат пазируфт, ҳеч яке аз 10 ҷоиза “соҳиб” наёфт. Саъдулло Раҳимов, яке аз аъзои ҳакамони “Нигоҳи нав” гуфт, ҳеч намоишномае имсол арзандаи ҷоиза набуд. Ҳамин тариқ “Шоҳҷоиза” ва ҷоизаҳое монанди “Беҳтарин нақши зан”, “Беҳтарин нақши мард”, Беҳтарин нақши лаҳзавӣ”, “Коргардони беҳтарин”, “Беҳтарин дараматургияи миллӣ”, “Беҳтарин мусиқӣ” тақдим нашуданд. Танҳо гуруҳи "Бесарпарастон" ҷоизаи "Таваҷҷуҳи тамошобин"-ро ба худ ихтисос дод.
Аммо масъулини баргузории “Нигоҳи нав” ба сарпарастон -- дафтари Конфедератсияи шветсариягӣ дар Тоҷикистон, Институти ҷомеаи кушод, ҶДММ “Мария”, “Рухом”, “Баҳманруд” дипломҳо супоридаанд. Комил Бобоевву Парвинаи Эмомалӣ “Беҳтарин волонтёри соли 2014-2015” эътироф шуданд.
Чаҳорумин Ҷашнвора - озмуни ҷумҳуриявии театрии ҷавонон “Нигоҳи нав”, ки имсол ба 75-солагии Ислом Саломов ва Убайдулло Раҷабов бахшида шуд, аз 16 то 20 майи соли равон идома дошт.