Бародарзодаи Э. Раҳмон прокурори ноҳияи И.Сомонӣ таъин шуд
Раҳмон Умедҷон Нуриддин, бародарзодаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин гардидааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Раҳмон Умедҷон Нуриддинро дар қатори кадрҳои навтаъине зикр намудааст, ки дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти прокуратураи кишвар вазифа гирифтаанд.
Умедҷони Нуриддин, ки писари Нуриддин Раҳмонов, бародари калонии Эмомалӣ Раҳмон мебошад, гуфта мешавад, дар гузашта ба ҳайси сардори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлия низ кор карда, моҳи августи соли 2014 бо фармони раисиҷумҳур бо медали хизмати шоиста қадрдонӣ шудааст.
Умедҷони Нуриддин 11 октябри соли 1981 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Соли 2004 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, аз соли 2004 то 2006 дар Вазорати адлия кор кардааст. Солҳои 2007-2008 сардори шӯъбаи қонунгузории конститутсионии Раёсати қонунгузорӣ, мудофиа ва амнияти Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлия ва солҳои 2008-2009 муовини сардори ҳамин шӯъба аз солҳои 2009-2014 сардори Раёсати ташкилии фаъолияти иҷрочиёни судии Вазорати адлия ва аз апрели соли 2014 то 22 майи 2015 сардори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлия буд.