Ҳушдори сафир аз ихтилоф барои ҳиҷоб миёни Душанбе, Теҳрон ва Кобул
Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳиҷобе, ки дар Тоҷикистон мавриди интиқод қарор гирифтааст, на эронӣ асту на афғонистонӣ.
Фағонӣ, 21-уми май дар мулоқот бо намояндагони расонаҳои эронии муқими Тоҷикистон изҳор доштааст, бархе мехоҳанд, мавзӯи маҳдудияти ҳиҷоб дар Тоҷикистонро ба мояи ихтилоф миёни Душанбе, Кобул ва Теҳрон табдил диҳанд. Сафири Эрон таъкид намудааст, талаққӣ додани ҳиҷоби мавриди интиқод дар Тоҷикистон, ҳамчун “нуфузи ҳиҷоби эронию афғонистонӣ” кори дасти душманоне аст, ки мухолифи наздикшавии форсизабонон ҳастанд.
Ба гуфтаи сафир, ҳиҷобе, ки дар Тоҷикистон зери суол рафтааст, дар расму русуми Эрон низ нест ва он ба кишварҳои дигаре тааллуқ дорад. Хабаргузории "Форс” аз қавли сафир навиштааст, “расонаҳо бояд ҳушёрӣ дошта ва ин хатоҳоро ташхис диҳанд, то дар масири манофеи бегонагон қарор нагиранд”.
Фағонӣ илова намудааст, аз бозтоби ин мавзӯи барои Душанбею Кобул ҳассос дар бархе аз расонаҳои таҳти ҳимояти хориҷӣ дар Афғонистон чунин эҳсос мешавад, ки тақвияти меҳвари форсизабонон боиси нигаронии душманоне дар хориҷи наздик ва дур мебошад ва ин мавзӯъ ҳушёрӣ ва арзёбиҳои дақиқи расонаҳои эронӣ аз шароитро металабад.
Сафири Эрон инчунин таъкид доштааст, дар бархе доираҳои Тоҷикистон фаҳмишҳои нодурусте вуҷуд доранд, ки гӯиё Эрон имрӯз ба масоили исломӣ таваҷҷуҳ дораду арзишҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Шоҳнома ва ғайраро фаромӯш кардааст: “Замоне ба Тоҷикистон омадам эҳсос кардам, ки дар баъзе аз ҳавзаҳо сӯибардошт вуҷуд дорад. Аз ҷумла дар остонаи Наврӯз шоҳиди интишори як-ду мақола бо ин иддао будем, ки дар Эрон танҳо ба арзишҳои исломӣ тавваҷуҳ шудаву арзишҳои миллие назири Наврӯз, Шоҳномаи Фирдавсӣ ва...фаромӯш шудаанд”.
Барои исботи нодурустии ин иддао Фағонӣ сафари шоҳномахонҳои кӯдаку наврасони эрониро зикр кардааст, ки ду ҳафта қабл дар ҳафтаи Фирдавсӣ ба Тоҷикистон омаданд: “Ин гуруҳ дар марокизи мухталифи омӯзишӣ ва фарҳангии Тоҷикистон барнома иҷро карданд, ки мавриди истиқболи гарми дӯстони тоҷик қарор гирифт. Ҳузури ин гуруҳи шоҳномахон нишон дод, ки эрониҳо ва насли баъд аз инқилоб низ комилан бо Шоҳнома ошноанд”.
Сафири Эрон аз расонаҳои кишвараш дар Тоҷикистон даъват намудааст, барои таҳкими ҳамкории ду кишвар талоши бештаре кунанду барои рушди муносибот саҳмгузор бошанд.