АКС: Таҷлили 20-умин солгарди нахустин сафари Оқохон ба Тоҷикистон
Пайравони мазҳаби Исмоилия дар Тоҷикистон, ки теъдодашон аз 200 ҳазор нафар бештар арзёбӣ мешавад, 24-уми майи соли равон 20-умин солгарди нахустин боздиди Оқохони IV, имоми 49-уми худро аз Тоҷикистон таҷлил намуданд.
Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо пайравонаш аз Осиёи Марказӣ робитаи маҳдуд доштааст, нахустин бор аз Тоҷикистон соли 1995 дидан кард ва аз он сол инҷониб исмоилиёни Тоҷикистон 24-уми майро ҳамчун Иди Нур ё Дидор таҷлил мекунанд.
Тавре пайравони Исмоилия дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, дар ҷашни Дидор, одатан дар сатҳи маҳалҳо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ гузаронда мешаванд. Чунин як чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Дидор бо иштироки гуруҳи “Шамс” ва ансамбли фолклории Помиру дигар ҳунармандон рӯзи 24-уми май дар дар Маркази исмоилияи Душанбе баргузор гардидааст.
Аксҳои таҷлили рӯзи Дидор аз саҳифаи фейсбукии “Pamir News” гирифта шудаанд:
Оқохони чаҳорум, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, 13 декабри соли 1936 дар Женеваи Швейтсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон зода шудааст. Дорои дипломи таърихи Ислом аз Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари «Шабакаи Рушди Оқохон» (AKDN) аст. Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони саввум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуд.