Душанбе: Дарёфти 75 кило маводи мухаддир аз “Лексус RX-330”
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе аз боздошти як шаҳрванди қаблан судшудаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар мошини “Лексус RX-330”-и ӯ беш аз 75 килло маводи мухаддир дарёфт шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВУД рӯзи 25-уми майи соли равон дар пойтахт автомашинаи тамғаи “Лексус RX-330”, таҳти идораи сокини 41-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт гардид: “Дар вақти азназаргузаронии автомашина аз дохили бағоҷаш 75-киллою 290-грамм, маводи нашъадори “ҳашиш” дарёфт ва мусодира карда шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Манбаъ таъкид мекунад, ки боздоштшуда пеш бо моддаи 335-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, убури ғайриқонунии марз маҳкум шудааст.