Раъду барқ дар Масчоҳ ҷони як зани 34-соларо гирифтааст
Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд мегӯяд, бар асари зарбаи раъду барқ як зани 34-солаи ноҳияи Мастчоҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, ин воқеа рӯзи 21 май дар ҷамоати Оббурдон ба вуқӯъ пайвастааст: “Зан дар ҳоле аз зарби раъду барқ ба ҳалокат расидааст, ки дар майдони кишт қарор доштааст”.
Ин сеюмин ҳодисаи аз раъду барқ кушта шудани сокинон дар шимоли кишвар аст.