баргард чоп кардан

Референдум дар Тоҷикистон зарурат надорад

Бекор кардани ҳукми қатл бо роҳи райпурсӣ хатарнок аст, мегӯяд Каримҷон Солиев, ҷонишини сардори академияи ВКД Тоҷикистон.

Ин нуктаро номбурда зимни баромадаш дар конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ бидуни ҳукми қатл» иброз дошт.

Солиев афзуд, барои бекор кардани ҳукми қатл дар Тоҷикистон набояд райпурсӣ ё ба истилоҳ «референдум» гузаронида шавад. Зеро  он натиҷаи дилхоҳро намедиҳад, мардум мухолифи  бекор кардани ҳукми қатл баромад мекунанд. Албатта, масъулин бояд афкори оммаро ба назар бигиранд, вале назарсанҷӣ зарурат надорад.

Илова бар ин дар ҷомеаи Тоҷикистон  ақидае ҳаст,  ки  мо ҳоло омодаи пурра бекор кардани ҳукми қатл нестем. Чунки мо маҳбасхонаҳои махсус надорем ва зиндонхонаҳои мо ба меъёрҳои лозима ҷавобгӯ нестанд.