Мошин ба ҷарии 300 метр сарозер шуд ва боиси ҳалокати 6 нафар гардид
Бар асари як ҳодисаи нохуш дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол 6 нафар курбон шуда, 4 ноболиғи дигар ҷароҳат бардоштанд.
Аз РБДА ба хабаргузории «Озодагон» иттиллоъ доданд, ки ин воқеа тахминан соати 00:09-и рӯзи гузашта ба вуқӯъ пайвастааст. Ба иттилои манбаъ вақте автомашинаи тамғаи «Рексон», зери идораи Бадриддин Миров дар километри 83-юми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол ҳаракат мекард, аз тарафи рост аз танаи кӯҳ сангпораҳо канда шуда ба рӯи роҳ мерезанд. Ронандаи 49 сола идораи мошинро аз даст медиҳад ва нақлиёт ба муқобили чапи роҳ гузашта, ба ҷарии 250-300 метр сарозер мешавад. Дар натиҷа ронанда ва мусофирони он, Сайдалӣ Толибови 59 сола, Шамсиддин Табарови 54 сола, Сумангул Мусофироваи 46 сола, Зарнисо Давлатоваи 32 сола, ва ноболиғ Нозанин Мирова ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар макони ҳодиса ба шаҳодат мерасанд. Ноболиғон Қаҳрияи Қаҳрамон, Раҷабмоҳ Мирова, Гулбаҳор Мироваи ва Бадриддин Миров бо захмҳои ҷисмонӣ алъон дар беморхона муолиҷа мегиранд.{jathumbnail off}