баргард чоп кардан

Беш аз 6 миллион литр маводи сӯзишвории қочоқиро мусодира кардаанд

Масъулини агентии Тоҷикстандарт 20 ҳазору 280 тонна бензини навъи АИ-80-ро, ки аз қаламрави Қиргизистон тариқи дидбонгоҳи гумрукии терминали шаҳри Душанбе ғайристандартӣ ворид гаштааст, ошкор намуданд.


Бино ба иттилои агентии Тоҷикстандарт ин миқдор бензинро соҳибкори инфиродӣ И. Сафаров ба Точикстон овардааст. «Дар натиҷаи санҷиш дар озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти нафтии агентӣ маълум гардид, ки ин бензин ба талаботи стандарти байнидавлатӣ ГОСТ 31077-2002 «Сӯзишворӣ барои муҳаррикони дарунсӯз. Бензини ғайриэтилӣ. Шартҳои техникӣ» ҷавобгӯ нест»,-афзуд манбаъ. Масъулини агентии Тоҷикстандарт мегӯянд, дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор воридшавии маҳсулоти ниёзи мардумро ба қаламрави Точикистон таҳти назорати қатъӣ қарор дода, бозори истеъмолии мамлакатро аз маҳсулоти пастсифату ба талабот ҷавобгӯ набуда ва мӯҳлати истифодаашон гузашта ҳимоя менамоянд. Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар 8 моҳи ахири соли равон 104 ҳолати қочоқи сӯзишворӣ ошкор шуда, 6,2 миллион литр сӯзишворӣ, аз ҷумла 4 миллион литр дар вилояти Суғд аз гардиши ғайриқонунӣ гирифта шудааст.{jathumbnail off}