Душанбе: Зан пули шавҳарро харҷ карду гуфт, ниқобпӯш дуздид...
Мақомоти пулиси ноҳияи Фирдавӣ муайян кардааст, ки Гулчеҳра, як сокини 39-солаи кӯчаи Коргари Душанбе маблағҳои шавҳарашро харҷ карда, саҳнаи дуздиеро сохтакорӣ намудааст, ки гӯиё мавриди ҳамлаи дузди ниқобпӯш қарор гирифтааст.
Тавре аз мақомоти умури дохилӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Гулчеҳра 5 ҳазор сомонии шавҳарашро ба фоидаи худ харҷ карда, барои пинҳон нигоҳ доштани ин ҳолат соати 3-и шаби 4-уми майи соли равон саҳнаи ҳамлаи дузди ниқобпӯшро сохтакорӣ кардааст: “Он шаб, ки шавҳараш дар сафари хидматӣ будааст, Гулчеҳра дасту синаашро хуншор карда, анҷоми хонаро ҳар тараф партофта, 2 ҳазор сомонии боқимондаро гирифта, бо доду нола наздиконашро фарёд кардааст, ки дузди ниқобпӯш ба ӯ ҳамла карда, маблағҳоро дуздидааст”.
Аммо дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бофта будани ин гуфтаҳо маълум шудаанду маблағи пинҳонкардаи Гулчеҳра дарёфт шудааст: “Феълан аз рӯи ҳодиса тафтишот идома дорад”.