Зери чарх мондани се духтари наврас дар Қайроқум
Се духтари наврас дар шаҳраки Адрасмони Қайроқум зери чархи мошин мондаанд, ки дар натиҷа як нафарашон ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, рӯзи 28-уми май, тахминан соати 14:20-дақиқа, ронандаи 32-солаи автомашинаи “ВАЗ-2107” ҳангоми ҳаракат дар шаҳраки Адрасмони Қайроқум аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагардони ноболиғ- 2 ҷавондухтари 16-сола ва 1- ҷавондухтари 13-сола, сокинони шаҳраки Адрасмон, деҳаи Гулдараро зер кардааст: “Дар натиҷа ноболиғон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, духтари 13-сола ба ҳалокат расидааст”.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 27-уми май дар пайи садамаҳо дар роҳҳои кишвар се кӯдак ба ҳалокат расида буданд.