Оббурдон: Ҷанги деҳқонон барои об бо марг анҷомид
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд мегӯяд, субҳи 30-юми май ҷанги ду деҳқон барои об дар сари майдони кишт бо марг анҷомид.
Акбар Шарифов, масъули дафтари матбуотии РКД-и Суғд, ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ки санаи 30-уми майи соли равон, тахминан соати 04:00-и субҳ, дар ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ҷавони 23-сола бо сокини дигари 36-солаи ҳамин ноҳия барои об дар сари замин баҳс кардаанд: “Зимни муноқиша ҷавони 23-сола бо каланд ба сари бошандаи 36-сола задааст, ки дар натиҷа дуюмӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба ҳалокат мерасад".
Манбаъ гуфт, феълан алайҳи шаҳрванди 23-сола, аз рӯи моддаи 110-қасдан расондани зарари ҷисмонӣ, ки бо марг анҷомидааст, парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.