баргард чоп кардан

Дастури Убайдуллоев барои қатъи фаъолияти мошинбозор дар Душанбе

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе имрӯз, 1 июн дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ дастур додааст, ки фаъолияти мошинбозор дар пойтахт қатъ шавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев масъулини пойтахтро вазифадор намуд, ки дар доираи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда оиди қатъ намудани фаъолияти мошинбозор ва аз марзи шаҳр берун баровардани он тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Ба иттилои манбаъ Убайдуллоев аз амалишавии барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ изҳори норозигӣ карда, масъулинро муваззаф сохт, ки баҳри тақвияти иҷрои вазифаҳои хизматӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, раванди корҳои ободониро дар шаҳр вусъат бахшанд. Шаҳрдори Душанбе инчунин таваҷҷуҳи мақомоти дахлдорро ба масъалаи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла пешгирии воридшавии нақлиёти белитсензия ба пойтахт, аз байн бурдани ҳолатҳои ҷойдоштаи бенизомию танбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳо ва пурзӯр намудани назорати прокурорӣ нисбати хилофкорони қонун нигаронидааст.