баргард чоп кардан

Ҷойизаи сулҳи Нобел-2011 ба се бону тақим мегардад

Ахиран исми барандагони ҷойизаи сулҳи Нобел дар соли 2011 эълом гардид.


Тибқи иттилои расида, якбора се бону: президенти Либерия Эллен Ҷонсон-Сирлиф, фаъоли ҳуқуқ аз Либерия Леймаҳ Гбовӣ ва Таваккул Комрон аз Яман барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел шуданд. Кумитаи ҷоизаҳои Нобел дар Норвегия гуфтаас, ин се хонум барои “муборизаи бидуни зӯрӣ дар роҳи амнияти занон ва барои ҳуқуқи зан ба ширкати комил дар умури сулҳофаринӣ” сазовори ҷоиза шуданд. Ин бонувонро ба муносибати баранда шуданашон райиси кумита Торбёрн Ягланд табрику таҳният гуфтааст.{jathumbnail off}