Беш аз 21 тонна мева, ки аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид гардида буд, ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ нест.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз агентии Тоҷикстандарт иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, 21 хазору 500 килограм ин миқдор мева аз сӯи ширкати мавсум ба «Ахтарон» ба суроғаи дидбонгоҳи гумрукии терминали шаҳри Душанбе ворид гаштааст. Масъулини Тоҷикстандарт мегӯянд, санҷиш нишон дод, ки бори мазкур бо сабаби ҳамлу интиқоли нодуруст вайрон гашта, истеъмоли он барои саломатии одамон хатарнок аст.
- Пас аз ташхис дар озмоишгоҳи ташхисии маҳсулоти хӯроквории агентии Тоҷикстандарт муайян гардид, ки меваҷоти мазкур аз рӯи нишондиҳандаҳои органолептикӣ ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгӯ нест,-афзуд манбаъ. Гуфтанист, молу меваҷоти номбурда аз рӯи ин нишондод бо иштироки комиссияи салоҳиятнок аз мақомотҳои гуногун ва дигар ташкилотҳои дахлдор, мутобиқи натиҷаи протоколи №6299, аз рӯи қоидаҳои муйяннамудаи қонун, маҳсулоти ошкоршуда несту нобуд карда шуд.{jathumbnail off}