Ҳафтаи гузашта қурби пули миллӣ боло рафт, аммо пас аз ду се рӯз дубора уфти қурби сомонӣ ба чашм расид. “Озодагон” аз коршиносон пурсид: ОМИЛҲОИ БОЛОРАВИИ СОМОНӢ СЕРӮЗА БУДАНД?
Табаралӣ ҒАНИЕВ, иқтисодшинос
Ин ҳолатҳо омили изтирории истеъмолкунанда ном дорад, вақте иттилооти нав мешунаванд ё молро ба бозор мебароранд ё молашро аз бозор мегирад. Аз ҳамин нуқтаи назар яке аз омили болоравии пули сомонӣ ҳамин омили изтирорӣ аст. Дувум омили ғайристандартӣ мебошад.
Зулфиқори ИСМОИЛИЁН, коршиноси масоили иқтисодӣ
Бонки миллӣ ба хотири он ки обрӯяш нарезад гардиши пули сомониро кам кард. Зеро баҳона буд, ки роҳбарони қаблӣ қурби долларро боло бурданд ва роҳбарони навро сари кор оварданд ва ба хотири ин ки нишон диҳанд кор карда метавонанд, як чанд рӯз арзиши қурби сомониро боло бурданд. Аммо намешавад пеши роҳи инро гирифт. Ба хотири он ки мо пеши роҳи болоравии доллар ва коҳиши пули сомониро гирем, бояд истеҳсолот дошта бошем. Маҳсулоти худро ба бозор барорем ва бо доллар фурушем.
Ҳоҷимуҳаммад УМАРОВ, иқтисодшинос
Омили болоравии пули сомони субъектвӣ аст, зеро онҳое ки ба роҳбарии бонк омаданд, фикр карданд аз уҳдаи ин кор мебароянд. Аммо аз уҳдаи ин кор на онҳо мебароянд ва на каси дигар. Дар Тоҷикистон бозори пул вуҷуд дорад. Қурби тамоми асъорҳое, ки дар ин бозор хариду фурӯш мешаванд, дар асоси таносуби байни таклиф ва талабот муайян карда мешавад. Агар таклиф кам бошад, қурб баланд мешавад, агар таклиф паст бошд, он гоҳ қурб баланд шуданаш мумкин аст. Қурби сомонӣ дар сурате баланд мешавад, ки агар дар бозор миқдори доллар зиёд бошад, агар миқдори доллар зиёд бошад, он гоҳ қурби сомонӣ баланд мешуд. Аммо ин тавр нашуд. Он коре ки онҳо карданд, хусусияти вақт буд ва боз метавонанд анҷом диҳанд. То вақте ки дар Тоҷикистон истеҳсолоти ҳақиқӣ вуҷуд надорад ва сектори реалии истеҳсолӣ суст тараққӣ мекунад, қурби сомонӣ паст хоҳад шуд.