баргард чоп кардан

Заҳролудшавӣ бойиси марги як челонгар дар Исфара гардид

Дар шимоли кишвар бар асари заҳролудшавӣ 1 кас ҳалоку 2 тани дигар дар беморхона бистарӣ шуданд.


Тибқи иттилои ВКД, ин ҳодиса дар ноҳияи Исфара ба вуқӯъ пайвастааст. Гуфта мешавад, шаҳрвандон зимни  иҷрои вазифаи хизматӣ дар беморхонаи милли ноҳиявӣ  барои таъмир намудани хати ташноб ба дохили чоҳ даромада, аз бўйи газ заҳролуд шудаанд. Бино ба маълумоти манбаъ, заҳролудшудангон-  Раҳимҷон Бердиеви 39 сола, Баҳодур Машрапови 22 сола ва Б. Яҳёев, челонгарон ва  таъмирчии бемористони милли ноҳия, Музаффар Мӯъминов 52 сола мебошанд. Дар натиҷаи заҳролудшавӣ Раҳимҷон Бердиев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ду каси дигар ҷароҳати ҷисмонӣ  бардошта, феълан беморон дар беморхона ба сар мебаранд.{jathumbnail off}