баргард чоп кардан

Бозхонди муҷаввизи фаъолияти Фонди қарздиҳӣ аз сӯи БМ

Бо  қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти №190 шаҳодатномаи Фонди қарзии хурди “Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон” бозпас гирифта шуд.


Ин муҷаввиз то имрӯз барои иҷрои амалиёти қарздиҳии хурд амал мекард.Тавре ба хабаргузории «Озодагон» масъули маркази матбуотии БМТ Абдуғаффор Қурбонов иттилоъ дод, қарори мазкур дар асоси пайнавишти маҷлиси Шӯрои нозирони фонди қарзии хурди номбурда ва ҳалномаи судяи додгоҳи иқтисодии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бораи иҷрои вазифаҳои дар назди фонд гузошташуда ва қатъ гардидани фаъолияти он қабул гардид. {jathumbnail off}