баргард чоп кардан

Варзишгарони тоҷик озими Македония мешаванд

Барои иштирок дар сабқати ҷаҳонӣ оид ба «Кикбоксинг» дастаи мунтахаби ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 22 то 30 октябри соли  равон ба Македония меравад.


Тибқи иттилои расида, тими миллӣ дар ҳайати зерин: Далер Тӯраев, Сабина Тағойназарова, Наврӯз Алибеков, Сӯҳроб Айдарбеков, Қосимхон Ишанхонов, Ганҷина Ҳабибуллоева, Парвиз Муродзода, Эркин Қазоқов, Беҳрӯз Сангинов, Фирӯз Саймуродов, Бахтиёр Турсунов-варзишгарон ва Мирсаид Яҳёев - роҳбари даста, Муҳаммадҷон Тоҷибоев ва Манучеҳр Сафаров довар, Рустам Юлдошев – хабарнигор омодаи сафар аст.{jathumbnail off}