баргард чоп кардан

Футбол: Тоҷикистон ва Ҷопон дар Осака вориди сабқат мешаванд

Тими миллии футболи Тоҷикистон фардо (11-уми октябр) дар Ҷопон бо дастаи мунтахаби ин кишвар рақобат хоҳад кард.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ФФТ иттилоъ доданд, ин бозӣ дар чорчӯби сабқати интихобӣ барои ширкат дар Ҷоми Ҷаҳонии футбол-2014 дар варзишгоҳи «Нагай»-и шаҳри Осака сурат мегирад. Дастаи мунтахаби кишвари мо рӯзи 8-уми октябр вориди шаҳри Осакаи Ҷопон шуда, аллакай тамринҳои худро оғоз кардаанд. Аввалин машқи онҳо дар варзишгоҳе ҷараён гирифт, ки дастаи “Гамба”, ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсиюни футболи Осиё дар соли 2008, тамрин мекунад.

Ҳамзамон, Олимҷон Рафиков, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон, ҳайати дастаро ба бозӣ бо мунтахаби Ҷопон муайян кард, ки аз 19 футболбоз - 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар иборат аст. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон чунин аст:Дарвозабонҳо – Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Миралӣ Муродов («Энергетик»), Владимир Сисоев («Регар-ТадАЗ»);Ҳимоятгарон – Давронҷон Эргашев, Эраҷ Раҷабов, Умед Ҳабибуллоев, Акмал Сабуров, Соҳиб Сувонқулов (ҳама – «Истиқлол»), Фаррух Чориев («Регар-ТадАЗ»); нимҳимоятгарон – Ҷаҳонгир Ҷалилов, Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Маҳмадалӣ Содиқов (ҳама – «Истиқлол»), Хуршед Маҳмудов («Регар-ТадАЗ»), Илҳомҷон Ортиқов (ССКА «Помир»); ҳамлагарон – Комил Саидов (ССКА «Помир»), Наврӯз Рустамов («Равшан»).

Ёдрас менамоем, тими миллии футболи Тоҷикистон дар бозии нахустини сабқати интихобӣ дар майдони худ аз тими миллии Ӯзбакистон ва дар сафар аз мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби якхелаи 0:1 мағлуб шуда буд.{jathumbnail off}