баргард чоп кардан

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба наҷотдиҳии шаҳрвандон омода аст

Ҷузу томҳои кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ дар пойгоҳи яке аз қисмҳои низомии гарнизони Душанбе машқҳои мукаммали дурӯза доир карданд.


Тавре Ориф Назаров, сухангӯи дафтари матбуотии ин ниҳод ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ, ин тамринот дар оғози ҳар фасли сол гузаронида мешавад ва ин навбат ҳайати шахсии ситодҳои ҳолатҳои фавқулоддаи ВМКБ, вилояти Суғд, Хатлон, ситоди шаҳри Душанбе ва маркази наҷотдиҳии кумита иштирок намуда, ҳунару маҳорати касбии худро нишон доданд.

Манбаъ афзуд, ки машқҳои мазкур дар ду давр аз руи 10 унсури наҷотдиҳӣ гузаронида шуд, ки дар он наҷотиҳандагоне, ки дорои дафтарчаи махсуси наҷотдиҳиянд иштирок намуданд. Дар фарҷоми машқҳо Ҳайбулло Латипов, раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ иштирокчиёни фаъолро бо ифтихорномаю раҳматномаҳо қадрдонӣ намуд.{jathumbnail off}