Маскав пас аз он ки ширкати давлатии «Botas»-и Туркия харидории гази табииро аз Русия қатъиян манъ кард, тасмим гирифтаст, маҳсулоти сӯзишвориро ба ширкатҳои ғайридавлатии ин кишвар ба савдо барорад.
Гуфтанист, «Botas» бо ширкати русии «Газпром» ҳанӯз аз соли 1986-и асри гузашта шартномаи хариду фурӯш ба имзо расонда буд, ки он то моҳи декабри соли 2011-ум амал мекард. Туркия даъво дорад, ки бо иллати баланд бардоштани қимати газ аз ҷониби «Газпром»-и Русия гази онро дигар харидорӣ нахоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, Истамбул талаб дорад, ки «Газпром» ҳадди аққал арзиши газро то ба 20 фисад коҳиш диҳад, вале Маскав ба ин дархости шарикони турки худ розӣ нест. Дар натиҷа, роҳбарияти «Газпром» ба хулоса омадаанд, то гази сараввал барои «Botas» ҷудошударо ба ширкатҳои хусусии туркӣ ба фурӯш бароранд.{jathumbnail off}