«Рӯзи Фалак» дар ҷумҳурӣ таҷлил мегардад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, чорабинии мазкур ба таърихи 10-уми октябр (имрӯз), соати 17-30 дар бинои амфитеатр иттифоқ афтода, зимнан ширкати сарояндагон ва фалаксароён аз манотиқи гуногуни кишвар, аз ҷумла Маҳмадсафар Муродов, Шарифхон Сайдалиев, Зӯҳро Назарова, Муродмад Раҳимов, Абдулхайр ва Раҳматулло Хошимовҳо, Асрор Камолиддинов, Донишманд Қутбиддинов, Шодмон Сулаймонӣ, Маҳмуди Музаффариён, Фатҳуддин Юсуфӣ, ансамбли "Фалак" таҳти роҳбарии Давлатманди Хол дар назар аст.
Маврид ба ёдоварист, дар Тоҷикистон барои панҷумин бор «Рӯзи Фалак» таҷлил мегардад ва ин чорабинӣ бо амри райисҷумҳур аз соли 2007 ба ин сӯ анҷом мепазирад.
Дар бахши «Диданибоб»-и хабаргузории «Озодагон» бахшида ба «Рӯзи Фалак» навори видеоии Давлатманди Хол, ҳунарманди фарҳехта ва фалаксарои номии Тоҷикистон қобили дастрасӣ аст: «Аз гиряи манн фалак чӣ парво дорад…»{jathumbnail off}