баргард чоп кардан

Шӯрои МН тақвияти мубориза алайҳи коррупсияро муҳим арзёбӣ кард

Таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, райиси палатаи поёнии парлумони мамлакат ҷаласаи навбатии Шӯрои МН баргузор гардид.


Тавре Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон ба «Озодагон» иттилоъ дод, аъзои Шӯро дар нишасти имрӯза лоиҳаҳои қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ», «Дар бораи экспертизаи экологӣ», «Дар бораи занбўриасалпарварӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи буҷети давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012», дар хусуси санади Женевагии Созишномаи Гаага дар бораи бақайдгирии байналмилалии намудҳои саноатӣ, лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Ашўрбек Расулов», дар бораи доир намудани муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011» дар 9 моҳи соли 2011», дар бораи гузориши муовини якуми роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти вохўриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон аз 26 август то 7 сентябри соли 2011» ва дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Манбаъ афзуд, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Амирқул Азимов, Сафаралӣ Раҷабов, Амир Катаев ва дигар аъзои Шўро лоиҳаҳои қонунҳои баррасишавандаро барои беҳтар шудани вазъи нафақахўрон, ҳифзи муҳити зист, рушди соҳаи занбўриасалпарварӣ, тақвияти мубориза бар зидди коррупсия, густариши соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, инкишофи соҳаи саноат ва мутобиқ намудани маҳсулоти саноатии ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуданд.{jathumbnail off}