баргард чоп кардан

Эрон ҳам ҳамкориашро бо «Газпром-нефт»-и Русия қатъ мекунад

Эрон дар умури сохтмон ва истифодаи кони нафти «Озар» дигар  бо ширкати русии «Газпром -нефт» ҳамкорӣ карданӣ нест.


Аҳмад  Ғолибонӣ, роҳбари ширкати миллии нафти Эрон дар як мусоҳибааш гуфтааст, «Мо қатъиян ба ин қарор омадаем ва омодаем, то дар ин маврид бо пудратчиҳои эронӣ шартнома бандем». Ба гуфтаи ӯ,  новобаста ба огоҳии чандинкаратаи ширкати миллии нафти Эрон, «Газпром-нефт»-и Русия  ӯҳдадориҳои худро барои ҳамкорӣ зиёд ба дарозо кашид.

Бино ба иттилои манбаъ, кони «Озар» соли 2005-ум дар қисмати ҷанубу шарқии Эрон аз ҷониби мутахассисони норвегии «Норскгидро» кашф гашта, бино ба гуфти мутахассисони ширкати русии «ЛУКОЙЛ»  дар он зиёда аз 2-миллиард баррел нафт мавҷуд будааст. «Газпром- нефт» бо ширкати миллии нафти Эрон соли 2009-ум шартнома барои ҳамкорӣ ба имзо расонда буданд. Моҳи августи ҳамин сол ҷониби Эрон  аз ҳамкорӣ бо русҳо  даст кашид, аммо вазири энержии Русия Сергей Шматко дар як нишасти матбуотӣ дар Бушери Эрон  ба хотири ба истифода додани нерӯгоҳи атомӣ гуфтааст, ки  бо ҳамтои худ аз Эрон оқои Рустами Қосимӣ ба мувофиқа расидаанд.{jathumbnail off}