баргард чоп кардан

Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти ҷойизаи ҷаҳонпаҳлавон Сайидмумин Раҳимов

Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини самбо барои дарёфти ҷойизаи Сайидмӯмин Раҳимов баргузор хоҳад шуд.


Тавре аз дафтари матбуотии кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, бо мақсади   тарғибу ташвиқи  гӯштини самбо дар ҷумҳурӣ, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни  варзишгарони ҷавон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзашгарон  рӯзҳои 26-27 ноябри соли 2011 дар «Қасри теннис»- и шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии мазкур сурат мепазирад. Гуфтанист, дар ин чорабинӣ дастаҳои шаҳри Душанбе (1 ҳайат), ВМКБ (1 ҳайат), вилояти Суғд (1 ҳайат), Хатлон (1 ҳайат), шаҳру навоҳии тобеи марказ (1 ҳайат) ширкат хоҳанд кард. Ҳамчунин иштироки дастаҳои ҷамоҳири Ӯзбакистон (1 ҳайат), Қирғизистон (1 ҳайат), Туркманистон (1 ҳайат), Гурҷистон (1 ҳайат), Тоҷикистон (2 ҳайат), Федератсия Русия (1 ҳайат), Белорус (1 ҳайат) ва ҷумҳурии Исломии Эрон (1 ҳайат) дар назар аст.

Тибқи иттиллои манбаъ, ҳайати дастаҳоро 1 мураббӣ, 1 довар ва 10 варзишгар ташкил медиҳанд. Дар мусобиқа варзишгарон аз рӯи вазнҳои 48, 52, 57, 62, 68, 74, 82, 90, 100 кило ва аз 100 кило боло қувваозмоӣ мекунанд.{jathumbnail off}