баргард чоп кардан

Барои Путин дар Украина «тахти шоҳӣ» месозанд

Рӯзҳои наздик сарвазири Русия Владимир Путин соҳиби тахти асил хоҳад гашт.


Бештар аз 3-сол аст, ки устои 64-солае аз шаҳри Ровнои Украина тахтеро аз дарахти булур сохтан дорад. Баландии тахти месохтаи Николай Христич 2,5 метр буда, дар он нишони Русия, уқоби дусара наққошӣ шудааст. Ҳамчунин, дар такягоҳи тахт герби шаҳри Маскав, Григорийи ғолибро, ки аждареро мекушад, дидан мумкин аст.

Ба андешаи усто сохтани чунин тахт илҳом аз тахти Николайи-2 аст, ки кори дасти ҳунармандони асри 19-и Итолиё буд. Ба бовари Христич тахти сохтаи ӯ метавонад 300 сол хизмат намояд. Усто умедвор аст, ки тахташро президенти Украина ба нахуствазири Русия Владимир Путин ва ё президенти он кишвар Дмитрий Медведев тақдим мекунад ва ин яке аз сабабҳои ҳалли мусбии баҳси газӣ миёни ду кишвар мегардад.{jathumbnail off}