баргард чоп кардан

Тоҷикистон дар Ҷопон барои роҳхат ба Ҷоми Ҷаҳон-2014 рақобат мекунад

Имрӯз дар варзишгоҳи «Нагай»-и шаҳри Осакаи Ҷопон дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо дастаи миллии ин кишвар бозӣ хоҳад кард.


Дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар бозии нахустини сабқати интихобӣ дар майдони худ аз тими миллии Ӯзбакистон бо ҳисоби 0:1 ва дар сафар аз мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳамин натиҷа мағлуб гашта буд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии навбатӣ чунин аст: Дарвозабонҳо – Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Миралӣ Муродов («Энергетик»), Владимир Сисоев («Регар-ТадАЗ»);Ҳимоятгарон – Давронҷон Эргашев, Эраҷ Раҷабов, Умед Ҳабибуллоев, Акмал Сабуров, Соҳиб Сувонқулов (ҳама – «Истиқлол»), Фаррух Чориев («Регар-ТадАЗ»); нимҳимоятгарон – Ҷаҳонгир Ҷалилов, Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Маҳмадалӣ Содиқов (ҳама – «Истиқлол»), Хуршед Маҳмудов («Регар-ТадАЗ»), Илҳомҷон Ортиқов (ССКА «Помир»); ҳамлагарон – Комил Саидов (ССКА «Помир»), Наврӯз Рустамов («Равшан»).

Маврид ба ёдоварист, тими мунтахаби Тоҷикистон ҳанӯз пас аз бозӣ бо дастаи миллии футболи Сурия, ки бо ҳисобҳои 1:2 ва 0:4 бозиро бохта буд, аз идомаи сабқат маҳрум гардида буд, аммо Федератсияи байналмилалии футбол Сурияро барои нақзи қоидаҳо аз чемпионат хориҷ кард.{jathumbnail off}