баргард чоп кардан

Таъхир дар баргузории ҷаласаи сарони Иттиҳоди Аврупо

Герман Ван Ромпуй, президенти Иттиҳоди Аврупо ҳамоиши сарони ин иттиҳодро ба таъхир гузоштааст.


Тибқи иттилои расонаҳо, нишасти мазкур мебойист, аввоили ҳафтаи оянда, рӯзҳои 17-ум ва 18-уми октябр дар Брюссел сурат мегирифт, аммо бо далели  ноомодагии ҷузъиёти тарҳи ҳифзи пули ягона ба таъвиқ гузошта шуд. Гуфта мешавад, ҳамойиши сарони ИА қарор аст ба таърихи 23-юми шурӯъ шавад.

Ҷаноби Ромпуй дар изҳороте гуфтааст, санаи нав фурсат медиҳад, ки аъзои иттиҳод стратегияи фарогири минтақаи  евро дар баробари бӯҳрони қарзро ниҳоӣ кунанд. Иттиҳоди Аврупо интизори натиҷаи аудит ё бозрасии вазъи молии Юнонанд ва ҳам ҳанӯз тарҳи ислоҳоти бонкиро баррасӣ мекунанд.