Боздошти корманди комиссариати Исфара бо иттиҳоми порагирӣ
Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд аз боздошти як корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара бо гумони ришваситонӣ хабар дод.
Муҳсинҷон Юсуфов - корманди дафтари матбуоти ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, рӯзи 23 июн кормандони шӯъбаи якуми ВКД дар шаҳри Исфара як корманди комиссариати ҳарбии ин шаҳрро дастгир намудаанд: “Дастгиршуда С.О. соли таваллудаш 1963 барои омода кардани билети ҳарбӣ барои як сокини маҳаллӣ аз ӯ 500 доллар талаб кардааст”.
Ба гуфтаи ҷаноби Юсуфов, аз боздоштшуда, далели шайъӣ гирифта шуда, нисбати ӯ тибқи моддаи 319 – “гирифтани пора”, парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.