баргард чоп кардан

«Форбс» Тоҷикистонро ба даҳгонаи кишварҳои «фасодзадатарин» дохил кардааст

Маҷаллаи бонуфузи амрикоӣ, аз нигоҳи фасодзадагӣ, Тоҷикистонро миёни 134 давлати дунё дар ҷои 126 –ум қарор додаст.


Коршиносони маҷалла,  сатҳи фасод, коғазбозӣ, андозбандӣ, озодии тиҷорат ва дигар омилҳои рушди соҳибкориро  таҳлил карда, рейтинги кишварҳои беҳтаринро барои тиҷорат пешкаши сармоягузорон кардаанд. Тоҷикистон дар гузориши нави «Форбс», ки бо унвони «Беҳтарин кишвар барои тиҷорат» паҳн шуда, 134 давлати дунёро фаро мегирад, дар ҷои 120 –ум қарор дорад.

Кишвари моро таҳлилгарони маҷалла аз нигоҳи вазнинии андозҳо дар ҷои 121 –ум, озодии асъор дар ҷои 122 –юм, аз рӯи коғазбозӣ дар ҷои 106 –ум,  технология дар ҷои 110 –ум, воридоти навоварӣ дар ҷои 96 –ум мавқеъ додаанд.

Дар рейтинги «Форбс» кишварҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон пеш меистанд. Дар ин гузориш Қирғизистон дар ҷои 115 –ум, Украина дар ҷои 105 –ум, Русия – 102, Молдова 90, Арманистон – 89, Қазоқистон 80 –ум, Озарбойҷон – 78, Гурҷистон  -50, Латвия – 37 ва Эстония дар зинаи 16 –ум қарор доранд.

Беҳтарин кишвар барои тиҷорат ба иттилои таҳлилгарони «Форбс» -Канада, баъди он Зеландияи Нав ва пас аз он Ҳонгконг мебошанд.{jathumbnail off}