баргард чоп кардан

"Файзалӣ Саидов" аз буҷа беш аз 800 ҳазор сомонӣ қарздор аст

Дар пай як амалиёти санҷишии  кормандони  мақомоти андоз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  бақияи қарзҳои корхонаҳои ноҳияи Бохтар ифшо шуданд.


Тавре ба «Озодагон» аз кумитаи андоз иттилоъ доданд, аз маблағи умумии қарзи андози ноҳия, ки 12 миллион 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 50  фоизи он  ба идораи давлатии байниноҳиявии хоҷагии об тааллуқ дошта, боқимонда ба дигар корхонаву ҷамъиятҳои хусусӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ алоқаманд аст.  Ҳамчунин, санҷиш дар ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Файзалӣ Саидов», воқеъ дар ҷамоати Бохтариёни ноҳияи Бохтар нишон дод, ки корхона ба истеҳсоли нахи пахта машғул буда, тибқи маълумоти нозироти андози ноҳия дар назди буҷет ба маблағи 844  ҳазор сомонӣ  қарздор мебошад.Аз ҷониби нозирони масъул борҳо ба корхонаи зикршуда огоҳнома ирсол шуда бошад ҳам, аммо масъулини корхона  барои кам кардани бақияи қарзи андозҳо чорае наандешидаанд.

Феълан, нисбати ҷамъияти мазкур як қатор санадҳои лозима барои маҷбуран ситондани қарзи корхона тартиб дода шудааст. Ҳамчунин  идораи байниноҳиявии хоҷагии оби ноҳияи Бохтар, ки  роҳбараш Шодмон Хушбахтов мебошад дар назди буҷет 5 миллион 500 ҳазор сомонӣ  қарздор аст.Гуфтанист, чунин хунукназарӣ дар тамоми идораҳои оби вилояти Хатлон ба мушоҳида расида, бо вуҷуди дастгирӣ ва имтиёзҳои зиёде, ки ҳукумати Тоҷикистон нисбати соҳаи мазкур дар самти кам кардани бақияпулиҳои андоз амалӣ намудааст, ин масъала ҳанӯз ҳам ҳалли мусбии худро намеёбад.{jathumbnail off}