Баъди “позорная победа” довари қазоқ ҷазо гирифт
Федератсияи футболи Қазоқистон (ФФҚ) Ҳалимҷон Кенҷалинов довари 8-умин мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистонро аз Раёсати доварӣ ва нозирӣ ва инчунин аз ҳаққи иштирок дар тамоми бозиҳои ФФҚ маҳрум кардааст.
Тавре расонаҳои ин кишвар хабар медиҳанд, ин тасмими ФФК дар пайи ғалати Ҳалимҷон Кенҷалинов дар бозии миёни Тоҷикистон ва Қазоқитон дар мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон гирифта шуд, ки ахиранд дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои интернетӣ сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.
Маттео Трефолони, раҳбари Раёсати доварӣ ва нозирии ин кишвар гуфтааст, “рафтори ғайриҳирфавӣ ва беҳунаронае, ки довар Кенҷалинов дар бозии Тоҷикистон ва Қазоқистон нишон дод, хилофи меъёрҳои Раёсат аст”.
Тими миллии наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар бозии охирини марҳилаи гуруҳии 8-умин мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон аз тими мунтахаби ҷавонони Қазоқистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Анваршо Мирзоев, роҳбари дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) сабаби бохти тимашро ба хатоии доварон рабт дода гуфт, “тими наврасони кишвар то охирин лаҳза рақобат карданд. Онҳо ҳамаи он дастуре, ки мураббӣ дода буд, иҷро карданд. Мутаассифона дар охир бо хатоии довар мо бозиро бохтем”.
Федератсия футболи Тоҷикистон низ гуфт, Тоҷикистон дар пайи иштибоҳи довар - Ҳалимҷон Кенҷалинов бозиро бо Қазоқистон бохт: “Тӯби ёздаҳметрие, ки дар дақиқаҳои охири даври дуюми бозӣ аз ҷониби довар беасос бар тими Қазоқистон дода шуд, боиси тағйири натиҷаҳо гашт. Ин хатоии довари майдон баҳсҳои зиёдеро миёни мутахассисони футбол ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овард”.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои маъруфи варзишии Қазоқистон ғолибияти тими миллиашонро бар Тоҷикистон “позорная победа” унвон карда, зарбаи 11 метрии таъинкардаи доварро беасос хонданд.