баргард чоп кардан

Бемасъулиятии масъулин дар Шӯрообод

Дар баъзе аз навоҳии вилояти Хатлон масъулини ҳокимиятҳои маҳаллӣ на танҳо дар вазифаи хидматиашон содиқона хизмат намекунанд, балки тақрибан масъулияте бар дӯш надоранд.

Тибқи иттилои хабарнигори минтақавии «Озодагон», ба хусус дар навоҳии дурдаст, ки гӯё аз назари болобудагон дур мондаанд, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳатто дар соатҳои корӣ дар утоқашон ҳузур надоранд.

Рӯзи чоршанбеи ҳафтаи гузашта баъди соати 16-и рӯз дар мақомоти иҷроияи ноҳияи Шӯрообод ба ғайр аз ёрдамчии раиси ноҳия ва як корманди ҳамин ёрдамчӣ дигар ягон нафар аз кормандони ин мақомот дар ҷойи корӣ набуданд.

Ба шаҳодати ин 2-корманди ҳукумати маҳаллӣ, раиси ноҳия Амирхон Икромов барои гузаронидани кадом маҷлиси фавқуллодае ба ҷамоати дурдасти Саричашма рафтаву  инчунин як муовини дигар ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия низ бо сабабҳои барои эшон номаълум, ба ҳамин ҷамоати дур рафтаанд.  Аммо  боқӣ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вақти соати корӣ дар куҷо ва ба чӣ кор шуғл доштанд, норӯшан буд.