Кишоварзони навоҳии Ҳисору Рӯдакӣ нақшаи истеҳсоли тиллои сафедро иҷро намуданд, кишоварзони Шаҳринав бошанд, ба марра наздик шудаанд.
Тавре аз маркази матбуот ва иттилооти вазорати кишоварзӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ майдони 201.112 гектар пахта ҷамъоварӣ карда мешавад. Дурнамои истеҳсоли пахта бошад, 390 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар як рўз 1,4%-и нақша иҷро гардида, аз авали мавсим бошад, 366.148 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст. Пахтакорони вилояти Хатлон ҷамъоварии тилои сафедро ба 24.8751 тонна расонидаанд, ки 95,5%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад, ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 80.447 тонна зиёд мебошад.
Айни замон хоҷагиҳои пахтакори ноҳияҳои Бохтар (114,4%), Сарбанд (111,9%), Вахш (106,5%) Хуросон (105,9%), Данғара (105,7%), Фархор (105,7%), Кӯлоб (105%), Ҳамадонӣ (103,6%), Абдураҳмони Ҷомӣ (100,2%), Ҷиликӯл (100,1%) ва Ёвон (100%) нақшаро иҷро кардаанд.Кишоварзони вилояти Суғд дар як рӯз 2,0%-и нақшаи солонаро иҷро намуда, аз авали мавсим 94.455 тонна ё муодили 90,0%-и ӯхдадорӣ пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 35. 016 тонна зиёд гардидааст.{jathumbnail off}