баргард чоп кардан

Президент бо ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мулоқот кард

Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба амалиёт Ян Фишерро ба ҳузур пазируфт.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, зимни мулоқот аз ҳамкории судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки солҳои охир дар Тоҷикистон бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 42 лоиҳа ба маблағи беш аз 200 миллион евро татбиқ мегардад ва 16 лоиҳаи дигар ба маблағи зиёда аз 65 миллион евро дар марҳилаи омодашавӣ қарор дорад. Лоиҳаҳои мазкур ба татбиқи барномаҳои муҳими давлатӣ ва дастгирии бахши хусусӣ равона гардидаанд.

Зимни баррасии стратегияи нави кишварии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ки барои 3 соли оянда пешбинӣ мешавад, таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашудаи рушди ҳамкорӣ ҳанўз зиёд аст. Тавсиаи ҳамкорӣ барои дастгирии бештари соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва кишоварзӣ, аз ҷумла барои бунёди роҳҳои оҳану мошингард, корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ва коркарди саноатии меваю сабзавот, пахта, пилла, пашму пўст ва ғайра зарур шумурда шуд.

Манбаъ афзуд, Ян Фишер изҳор дошт, ки минбаъд дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз пешрафти намоёни иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон дар доираи стратегияи нави кишварӣ барои 3 соли оянда идома хоҳад ёфт, қабл аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, бонкҳо, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва барои татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ дар маҳалҳо ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид доштанд.{jathumbnail off}