Лағви ҳукми эъдоми қотилони Фархунда дар Афғонистон
Додгоҳе дар Афғонистон ҳукми эъдоми чаҳор сокини ин кишвар, ки дар қатли Фархунда, духтари 27-солаи афғон айбдор шуданд, лағв кардааст.
Ба гузориши “Associated Press”, ҳукми эъдоми ин чаҳор мард имрӯз, 2 июн пушти дарҳои баста дар яке аз додгоҳҳои Афғонистон баррасӣ ва бекор карда шудааст. Манбаъ мегӯяд, се нафари муттаҳам ба 20-солӣ ва нафари чаҳорум барои 10 сол равонаи зиндон шудаанд.
Фархунда, як духтари 27- солаи афғон аст, ки рӯзи 19-уми март аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон кушта шуд. Вале дар пайи тафтиши ин қазияи пулиси Кобул эълон кард, Фархунда Қуръонро насӯзондааст.
Баъдан бо қарори Додгоҳи шаҳри Кобули Афғонистон рӯзи 6 майи солди равон чаҳор нафар дар ин куштор айбдор эълон шуда, ба марг эъдом маҳкум шуданд.
Расонаҳои Афғонистон он замон гуфтанд, инчунин 8 нафари дигар барои 16 солӣ равонаи зиндон ва 18 каси дигар бегуноҳ эълон шудаанд. Дар парвандаи қатли Фархунда номи 50 мутаҳам зикр мешуд, ки 19 нафари онҳо пулис мебошанд.