баргард чоп кардан

Норасоии 2 миллиард киловатт- соат қувваи барқ барои Тоҷикистон

Айни замон норасоии қувваи барқ дар Тоҷикистон ҳудуди 2 миллиард киловатт соатро ташкил медиҳад.


Тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, чанд сол қабл дар ҷумҳурӣ камбуди барқ ба 4,5 миллиард киловатт соат баробар буд, вале бо ҷорӣ намудани истифодаи таҷҳизоти каммасраф ва сохтмони  нерӯгоҳҳо, ин нишондод коҳиш ёфт.

Сарчашмаи хабар ҳамчунин гуфт, зимни истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф тақрибан 1,2 миллиард киловатт соат нерӯи барқ сарфа гардид, ки ин баробари он қувваи барқест, ки Тоҷикистон бояд аз Туркманистон  мегирифт. Вале ин миқдор қувваи барқро аз сабаби он ки Тоҷикистонро аз системаи энергетики Осиёи Марказӣ хориҷ карданд, ҷониби Тоҷикистон гирифта натавонист, афзуд манбаъ.{jathumbnail off}