Дарёфти як кило героин аз кисаи сокини Шуғнон дар роҳ ба Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 29-солаи ноҳияи Шуғнон хабар дод, ки дар кисааш қариб як кило героин дарёфт шудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод рӯзи 7-уми июл дар дидбонгоҳи воқеъ дар деҳаи Зиғари ноҳияи Дарвоз «Тойота-Ландкрузер»-и сокини 31-солаи сокини ноҳияи Дарвоз боздошт гардид: “Ҳангоми кофтукоби шахсӣ аз дохили кисаи шими мусофири автомашинаи мазкур, марди 29-солаи сокини ноҳияи Шуғнон 965 грамм маводи нашъадори сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира карда шуд”.
Манбаъ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.