баргард чоп кардан

Абдуфаттоҳи Ғоиб коргар меҷӯяд: Аз нозир-гинеколог то...

Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холӣ дар ин ниҳод озмун эълон кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки кишвар, дар ин озмун афроде ҳаққи иштирок доранд, ки аз 20 то 35 сол дошта, дорои маълумоти олӣ аз рўи ихтисосҳои ҳуқуқшинос, фаъолияти умури гумрукӣ ва иқтисод мебошанду дар баробари забони давлатӣ бо забонҳои русию англисӣ ошно ва қобилияти кор бо технологияи иттилоотии замонавиро доранд.

Манбаъ мегӯяд, маоши вазифавӣ аз 471 сомонӣ то 517 сомониро ташкил дода, барои рутба ва собиқаи корӣ маоши иловагӣ низ дода хоҳад шуд.

Дафтари матбуоти Хадамоти гумрук афзудааст, ки ҳоло дар ин ниҳод вазифаҳои зерин холӣ мебошанду довталабони онҳо бояд дорои одоби хуби муносибат ва муошират буда, бо сифатҳои ахлоқӣ, кор