баргард чоп кардан

Андоз: Зардиев аз буҷа 190.000 сомонӣ қарздор аст

Зимни  як амалиёти санҷишии  кормандони  мақомоти андоз дар  ҶДММ  “Зарҳам"  бақияи қарзҳои корхона  ифшо шуданд.


Феълан,  барои  маҷбуран ситонидани қарзи андоз нисбати хоҷагии мазкур аз ҷониби гурӯҳӣ кори  30 тонна пахтаи хоми  ҶДММ “Зарҳам” ба  ҳабс гирифта шудааст.  Тавре ба «Озодагон» аз кумитаи андоз иттилоъ доданд, роҳбари ин корхона  Сафархон  Зардиев ва муассисаи ӯ, ки ба истеҳсоли нахи пахта машғул мебошад, аз буҷа 190. 000 сомонӣ қарздор аст.

Бино ба маълумоти сармуҳосиби корхона сабабҳои пайдоши қарз аз мавсимӣ будани фаъолияти корхона сарчашма мегирад,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}