баргард чоп кардан

Дуздон дар Душанбе ва Ваҳдат «фаъол» шудаанд

Як сокини ноҳияи Фирдавсӣ дар кӯчаи  Н.Қарабоев, рӯ ба рӯи бозори «Саховат» мавриди ғорати шахси номаълум қарор гирифтааст.


Бино ба иттиллои вазорати умури дохила, аз дохили автомашинаи шахсии ӯ, ки тамғаи  «Старекс» аст, 1 адад телефони мобилии  «Нокиа-5330», ки арзишаш 500 сомониро ташкил медод, рабудаанд. Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ, шаҳрванд Ёрматови 21- сола,  сокини  ноҳияи  Рӯдакӣ,   ҷамоати  М.Турсунзода, деҳаи Истиқлолият,     дасгир карда шуд.

Ҳамчунин, ба ҳамин ҳодиса монанд, хонаи сокини  шаҳри Ваҳдат- Идигул Ятимоваи 52 сола, сокини  ҷамоати А. Абдулвосиев, деҳаи  Баҳористонро ғорат кардаанд. Шахси номаълум тирезаи хонаи ӯро шикаста, аз дохили ҳуҷра 1 адад телефони мобили тамғаи  «Нокиа» арзишаш 200 доллари ИМА, 100 доллари ИМА пули нақд ва ба маблағи 100 доллари ИМА доруҳои табобатӣ, ҷамъ ба маблағи умуми 1920 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани амалиёт аз ҷониби кормандони милиса  Саидбек Бозорови 34- сола, сокини  ҷамоати Дустӣ, деҳаи  Ваҳдатобод боздошт гардида, тафтишоти қазия оғоз гардидааст.{jathumbnail off}